Соати сиёсӣ

Соати сиёсӣ

Бо ташаббуси  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Ашт дар ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти Пунук бо аъзоёни фаъоли ҳизб соати сиёсӣ баргузор гардид.

Дар он раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт Мӯтабар Мадаминова иштирок намуда  оид ба эълон шудани солҳои 2019-2021 — “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин пешгирии зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа суханронӣ намуд.

Аз ҷумла афзуд, ки мақсад аз эълон шудани солҳои 2019-2021 — “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ин ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ, инкишофи ҳунарҳои мардумӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоистаи сокинон маҳсуб меёбад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>