Мусобиқаи варзишии вилоятӣ барои дарёфти Ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд

IMG_4639-2

Имруз санаи 1 марти соли ҷорӣ, дар толори варзишии “Ҷашнӣ”-и шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мусобиқаи варзишии вилоятӣ барои дарёфти Ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд оид ба волейбол байни омӯзгорони  (бонувони) муассисаҳои олии касбӣ ва коллеҷҳои вилояти Суғд оғоз гардид.

Дар мусобиқаи мазкур 8 даста иборат аз 80 нафар омӯзгорони донишкадаҳо ва коллеҷҳои вилояти Суғд иштирок намуданд.

Маросими пӯшидашавии мусобиқа санаи 04-уми марти соли 2019 дар толори варзишии “Ҷашнӣ”-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, ғолибон бо Ҷом, медал,диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд қадршиносӣ карда мешаванд.

Хотиррасон менамоем, ки мусобиқаи мазкур дар доираи ҷорабиниҳои ҷашни 25-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва бахшида ба Рӯзи Модар гузаронида шуда истодааст.IMG_4658

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>