Дар партави дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб

1

Дар ташкилоти ибтидоии Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилояти Суғд дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар Маҷлиси ҷамъбастии КИМ ҲХДТ баён гардиданд, мавриди омӯзиш қарор доданд.

Дар асоси ҳамин дастуру супоришҳо ва қарорҳои тасдиқгардидаи Маҷлиси КИМ ҲХДТ масъулон вазифадор гардиданд, ки фаъолиятро дар самти қабули сифатноки аъзо, корҳои ташвиқотию тарғиботӣ, пешгирии зуҳуроти терроризм ва экстремизм, коррупсия ва ғайра ҷоннок намоянд. Раиси ташкилоти ибтидоӣ Фарҳод Муллоев зикр кард, ки таҳкими андешаи миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ тақозои замон буда, бо ғояи ҳизбии «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол – Ватани маҳбуби ҳамаи мо» мардумро бояд муттаҳид сохт.

Дар анҷоми маҷлис ба 7 нафар кормандони беморхона, ки барои дохил шудан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод намуда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.01

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>