Чорабинии идона барои бонувон

Чорабинии идона

Бахшида ба Рӯзи Модар КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд чорабинии тантанавӣ доир карда, бонувони фаъолу ташкилотчӣ ва ташаббускорро қадршиносӣ намуд.

Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар паёми табрикии кумиҷроияро ба самъи ҳозирин расонида, таъкид дошт, ки дар фаъолияти ҳизбӣ ба бонувон ҳамчун нерӯи бузурги созанда такя мекунанд.

Узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Аминҷонова, раиси шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар вилоят Анвар Ҷалилов, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи шаҳри Хуҷанд Қаҳҳорӣ Муяссар бонувонро табрик намуда, саодати зиндагиву комёбӣ орзу карданд.

Кумитаи иҷроия бонувонро бо ифтихорномаву сипоснома ва тӯҳфаҳо қадр кард. Дар ҳамин фазои мутантан ба 14 нафар шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд.

Барномаи калони консертӣ фазои идонаро фароҳам овард.Чорабинии идона Чорабинии идона Чорабинии идона Чорабинии идона

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>