Рӯзи сипоси Модар

Рӯзи сипоси Модар

Бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд таҳти унвони «Рӯзи сипоси Модар» аксия гузаронида шуд. Ин иқдом ба муносибати Рӯзи Модар амалӣ гардида, ҳадаф арҷгузорӣ ба олиҳаи зиндагӣ – Модар мебошад.

Ба аксия бештар аз 50 нафар донишҷӯён ҷалб гардида, дар як вақт дар 5 мавзеи шаҳри Хуҷанд доир гардид.

Дар доираи аксия дар кӯчаҳо ба бонувон гул ва номаи табрикии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд тақдим карда шуд. Ҳамчунин, барои ҷавонон имкон фароҳам оварда шуд, ки модар ва ё бибии худро ба воситаи занги телефонӣ ва ё занги видеоӣ шодбош гӯянд.

Як гурӯҳи дастандаркорони аксия, ҷавонон ва аъзои фаъоли Шӯрои занони КИВ ҲХДТ ба Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд. Бошандагони муассисаи мазкурро табрик намуда, барояшон шириниву кулчақандҳо тақдим карданд. Баҳри болидахотирии бошандагон барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешкаш карда шуд.

Аксияи “Рӯзи сипоси Модар” дар сатҳи баланд ва хотирмон сурат гирифт.Рӯзи сипоси МодарРӯзи сипоси МодарРӯзи сипоси МодарРӯзи сипоси МодарРӯзи сипоси МодарРӯзи сипоси МодарРӯзи сипоси МодарРӯзи сипоси Модар

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>