Арҷгузорӣ ба олиҳаи зиндагӣ

Арҷгузорӣ

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов иқдом ё худ аксияи “Рӯзи сипоси модар”-ро доир кард. Иқдоми мазкур дар асоси супориши КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд амалӣ шуда, арҷгузорӣ ба зан – модарро ҳадафи аслии худ қарор дода буд.

Аксия дар беморхонаи марказии ноҳия, идораҳои давлатӣ, бозори марказии ноҳия, маркази Ҷамоати шаҳраки Меҳробод, нуқтаҳои фурӯшии маркази Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз, Китобхонаи марказонидашудаи ноҳия ва Бонки Эсхата гузаронида шуд.

Дар доираи аксия, кормандони ҳизб ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба занҳои раҳгузар гул ва табрикномаи ҲХДТ-ро тақдим ва онҳоро бо Рӯзи Модар табрик намуданд.Арҷгузорӣ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>