Мусобиқа варзишӣ миёни духтарон

Мусобиқа варзишӣ

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон дар ҳамкорӣ ба бахши ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мусобиқаи шаҳрии волейбол байни бонувон гузаронида шуд.

Мусобиқа ба “Рӯзи Модар” бахшида шуда, мақсади ташкилкунандагон ҷалби бонувон ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим маҳсуб мешуд.

Дар мусобиқаи мазкур 7 даста аз муассисаҳои гуногуни ҳудуди шаҳр ширкат ва қувваозмоӣ намуданд. Дастаҳои беҳтарин ба даври ниҳоӣ роҳ ёфта, дастаи волейболбозони шӯъбаи маорифи шаҳр сазовори ҷойи аввал, дастаи волейболбозони Донишкадаи кӯҳӣ-металургии Тоҷикистон сазовори ҷойи дуввум ва дастаи волейболбозони Мактаби Президентӣ сазовори ҷойи саввум гардиданд.

Ба ғолибон муовини Раиси шаҳри Бӯстон Сатторзода Хуршед,  Ректори Донишкадаи кӯҳӣ-металургии Тоҷикистон Фозилзода М. ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр Ҷалолов М. ҷом, медал, сипоснома ва тӯҳфаҳои арзишманд супориданд.

Дар анҷоми мусобиқаи мазкур ба 30 нафар бонувон, ки барои қабул шудан ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ариза пешниҳод намуда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.Мусобиқа варзишӣ миёни духтарон

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>