Ситоиш аз мақому манзалати волои зан

Гулистон

Дар ташкилоти ибтидоии «Маркази тарбиявӣ»-и шаҳри Гулистон бо иштироки занони собиқадори ҳизб маҳфили фарҳангӣ-тарбиявӣ доир гардид.

Мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муяссар Раҳимова иштирокчиёни маҳфилро бо оғози фасли баҳори нозанин ва Рӯзи Модар табрик гуфта, қайд кард, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону модарони мо аз мақому манзалати волое бархӯрдор гардиданд.

Дар маҳфил аз нақши назарраси бонувон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар ёдоварӣ карда, махсусан, саҳми назарраси онҳо дар таълиму тарбияи фарзандро зикр намуданд.

Дар интиҳои маҳфил бонувонро бо сипосномаву тӯҳфаҳои хотиравӣ  сарфароз гардониданд.

Барномаи фарҳангӣ, ки аз ҷониби муҳассилини муассиса омода шуда буд, ҳозиринро болидахотир намуд.Гулистон

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>