Ифодаи меҳру муҳаббат ба Модар

муҳаббат ба Модар

Иқдоми ҳизбии “Рӯзи сипоси Модар», ки ҳадафаш ифодаи меҳру муҳаббат ва садоқати фарзандон ба модарон буд, дар шаҳри Истаравшан бо мазмуну мӯҳтавои тоза ҷараён гирифт.

Иқдом аз назди муҷассамаи Зуфархон Ҷавҳарӣ оғоз ёфта, табрикоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ба бонувони азиз расонида шуд.

Дар майдони Парчам, Нишон, ва ҳудуди бозори марказӣ ва дигар хиёбону гулгаштҳои шаҳр донишҷуёни коллеҷу литсейҳои шаҳр занонро бо идашон табрик намуда, гулдастаҳо тақдим карданд.

Ҳамчунин, кормандони ҳизбиву гурӯҳи ҷавонон ба хонаи пиронсолон, ҷамоатҳои деҳот ва кумитаи маҳаллаҳо рафта, маҷмӯан зиёда 1000 нафар модаронро табрик гуфтанд.

Дар хонаи пиронсолон баробари шобдошии бошандагон баҳри онҳо дастархони идона густурда, барномаи фарҳангӣ манзур карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>