ТАБРИКОТИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР

КИ ҲХДТ

Модарону хоҳарон ва бонувони гиромӣ!

Дар ин рӯзҳои нахустини баҳорӣ,  яъне оғози эҳёи табиат бо як ҷаҳон хушҳоливу шодмонӣ ҳамаи Шуморо аз номи Раёсати КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ба ифтихори Рӯзи модар табрик мегӯем.

Боиси ифтихор ва сарфарозии кулли занону бонувони кишвар аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни занону бонувонро Рӯзи модар унвон кардаанд, то ки эҳтироми амиқу арҷгузории хосаи худро ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат ба бузургиву зебоӣ ва олиҳимматии модарони поксиришту офарандагони ҳаёти инсонӣ собит намоянд.

Тибқи суханони пургуҳари Пешвои миллат: “аслу ҷавҳари Рӯзи модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба зан-модар ташкил медиҳад”.

Дар сатҳи давлатӣ таҷлил гардидани ҷашни модарону бонувони соҳибэҳтиром нишонаи сари таъзим фуруд овардан назди олиҳаест, ки тамоми ҳастии худро барои офариниши ҳаёти башар ва рушду камоли инсонӣ сарф менамояд.

Маҳз бо меҳру муҳаббати беинтиҳои модарон ҳар сол ин ҷашн бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардида, фарзандонро водор месозад, ки ба қадру манзалат ва бузургиву фурӯтании модарону бонувон арҷгузорӣ намоянд. Онҳоро ҳамчун мавҷуди муқаддасу азиз эҳтиёт кунанд ва ҳамеша дӯстдору дилбардорашон бошанд.

Шоистаи тазаккур аст, ки бо тадбирҳои судманди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ мақому манзалати зан дар кишвар батадриҷ боло рафт. Натиҷаи ғамхориҳои пайваста аст, ки фаъолнокии занону духтарон дар ҳаёти сиёсии кишвар бештар гардида, имрӯз онҳо дар ин раванд нақши устувореро соҳибанд. Нақши бонувон дар раванди амалисозии барномаву ҳадафҳои ҲХДТ низ шоистаи таҳсин аст.

Бояд хотирнишон сохт, ки модарону бонувонро на танҳо рӯзҳои ҷашн гиромӣ дорем, балки дар зиндагии ҳаррӯза ба қадри худфарсоиву ҷоннисорӣ, муҳаббату меҳрубонӣ ва порсоии онҳо расем ва мақоми баландашонро пос дорем.

Бо ҳамин ниятҳои нек ҳамаи — шумо модарону бонувони азизу меҳрубон ва хоҳарони арҷмандро ба ифтихори Рӯзи модар сидқан табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо нуру сафо, ваҳдату оромӣ, муҳаббату садоқа, хушбахтиву иқболи нек ва файзу баракат орзу менамоем.

Ҷашни баҳор ва истиқболи баҳор фархунда бод, модарону хоҳарони гиромиқадр!КИ ҲХДТ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>