Ташаббуси “Созанда”

Ашт

Аъзоёни гурӯҳи “Созанда”-и  ТҶҶ  “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Ашт дар арафаи таҷлили Рӯзи Модар тасмим гирифтанд, ки бо мақсади дидорбинӣ, табрикоти идона ва расонидани ёрӣ ба корҳои хоҷагии собиқадори меҳнат, модари мушфиқу ғамхор Қодирова Хурсаной сафарбар гарданд.

Гурӯҳи ҳизбиён ва наврасони ватанпарвар ба манзили истиқоматии Қодирова Хурсаной ташриф оварда, ин зани поксириштро, ки дар пешравии ноҳия саҳми арзанда дорад, бо муносибати Иди бонувон муборакбод гуфтанд. Сипас, наврасони созанда ба корҳои хоҷагӣ, аз ҷумла, рӯбучини ҳавливу хона, побел намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ёрӣ расониданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>