Омӯзгор – раҳнамои фардои дурахшон

Омӯзгор

Бо омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62-и Ҷамоати деҳоти Шодобаи ноҳияи Ашт мулоқот доир гардид. Раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт Мӯтабар Мадаминова зимни сӯҳбат бо ҷомеаи омӯзгорон зикр кард, ки “мо бояд пойдевори фардоро имрӯз гузорем, кадрҳои баландихтисосу ватанпарвар тарбия намоем, таҷрибаи бузурги мактаби ватандории халқамонро дар ниҳоди насли ҷавон ташаккул диҳем ва ба онҳо фаҳмонем, ки Ватани моро ғайр аз худи мо ва фарзандони мо каси дигар обод намекунад”.

Дар ин мулоқот аз қадру манзалати омӯзгор сухан рафта, нақши вай дар тарбияву ба камол расидани насли ояндасоз муҳим арзёбӣ гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>