Фаъолиятро тақвият мебахшем

Ашт

Дар ташкилоти ибтидоии Беморхонаи марказии ноҳияи Ашт мулоқот доир гардид. Дар ин мулоқот, ки намояндагони кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб иштирок доштанд, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни Маҷлиси КИМ, ки моҳи феврали соли ҷорӣ сурат гирифт, аз ҷониби Раиси Ҳизб ҷиҳати тақвият бахшидани фаъолият дастуру супоришҳои муфид ироа гардид. Фаъолону аъзои ҳизбро баҳри дар амал татбиқи намудани ин дастурҳо раҳнамоӣ карданд.

Дар интиҳо ба 20 нафар аъзои нав шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида, аз ҳар яки онҳо, ки аксарият ҷавонон мебошанд, даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри амалӣ намудани ғояҳои ҳизб кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>