Сӯҳбати озод доири маърифати оиладорӣ

Конибодом

Намояндагони КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бо донишҷӯдухтарони коллеҷи технологии шаҳр ба номи А. Қаҳҳоров доир ба мавзӯи маърифати оиладорӣ сӯҳбат анҷом доданд.

Намоянда аз ташкилоти ҷамъиятии “Пайроҳаи хушбахтӣ” Зоирова  М., табиби собиқадор Садриддинова М., аъзои фаъоли шӯрои занони кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Турсунова М. ва  Ғаниева Қ. оиди нозукиҳои оилаву оиладорӣ сухан карданд.

Ҷамъомади мазкур, ки вохӯрии ду наслро мемонд, озоду самимӣ  сурат гирифта, духтарон ба суолҳои худ посухҳо гирифтанд.

Имрӯзҳо шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ба масъалаи омодагии ҷавондухтарон ба оилаву оиладорӣ диққати махсус дода, бо иштироки занони фаъолу ботаҷриба пайваста вохӯриву мулоқотҳо доир мекунад.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>