Ҷамъомад дар бозори марказӣ

LOGO

Дар ташкилоти ибтидоии Бозори марказии ноҳияи Спитамен ҷаласа  доир шуд.

Раиси Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен Ойбек Насруллоев, муовини сардори раёсати ҷамияти матлуботи вилояти Суғд Х. Тоиров, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Азамат Холматов пеш аз ҳама ҳозиринро бо фарорасии баҳори оламафрӯз табрик гуфтанд.

Дар ҷамъомад доир ба пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, кору фаъолияти созанда ба пешвози ҷашнҳои бузург,  маданияту муомилаи дурусти фурӯшандагон, назорати  сифат ва нархи маҳсулотҳои воридшаванда сухан карданд.

Собиқадорони ҳизбу меҳнат Абдуназар Турсунбоев, Башорат Юсупова ва соҳибкор Рафоат Бобоҷонова низ роҷеъ ба масъалаҳои баррасишуда ҳарф заданд.

Дар охир аз ҷониби кумитаи иҷроия ҲХДТ ба як қатор фаъолон ва соҳибкорон ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотирвӣ тақдим карда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>