Ҳизби созанда ва пешбаранда

1

“Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – Ҳизби созанда ва пешбаранда”- таҳти ин унвон намояндагони шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон бо бонувон мулоқот доир намуданд.

Мулоқоти мазкур ба 25-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида шуда, таърихи ҳизб ва мақсаду вазифаҳои он тазаккур гардид.

Зикр шуд, ки нақши ҲХДТ, ки сарварияшро Пешвои муаззами миллат бар дӯш доранд, дар таҳкими давлатдории миллӣ ва таъмини зиндагии шоистаи халқ муҳим аст. Барномаву ҳадаф ва ғояи ҳизб ба сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавъам буда, давоми 25-соли фаъолияташ барои рушду пешрафти кишвар хидмати шоистаро анҷом додааст.

Бонувон – иштирокчиёни мулоқот низ аз ташаббусҳои ҲХДТ истиқбол намуда, зикр карданд, ки дар амалишавии ғояҳои ин ҳизби мардумӣ кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>