Ҷаласаи кумитаи тадорукот

Суғд

Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаю канори вилояти Суғд корҳои омодагӣ оид ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз бомаром ҷараён доранд. Бояд гуфт, ки дар радифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидораи маҳаллӣ ташкилотҳои ҳизбӣ низ бахшида ба Наврӯзи дилафрӯз ташкил ва гузаронидани силсилаи чорабиниҳои идонаро ба нақша гирифтаанд. Аз ҷумла, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои ташкил ва гузаронидани чорабинии фарҳангии наврӯзии вилоятӣ тасмим гирифтааст. Ҷиҳати дар сатҳи баланд доир гардидани чорабинии мазкур Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд низ масъул буда, барои иҷрои як қатор корҳои ташкилӣ вазифадор мебошад ва бо мақсади таъмини иҷрои супоришҳо аз ҳисоби кормандони ташкилотчию фаъол кумитаи тадорукот ташкил шудааст.

Бо назардошти ин, санаи 14 март ҷаласаи кумитаи тадорукор доир гардид. Раиси кумиҷроия Маликисломӣ Наим Мунаввар аз шахсони масъул оид ба рафти иҷрои супоришҳои додашуда пурсиш ба амал овард.

Аъзоёни кумитаи тадорукот ва дигар кормандони кумиҷроия ӯҳдадор шуданд, ки барои дар сатҳи баланди омодагиву ташкилӣ доир гардидани чорабинии вилоятии наврӯзӣ аз имкониятҳо босамар истифода мебаранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>