Мусобиқаи футбол бахшида ба 25-солагии таъсисёбии ҲХДТ

Панҷакент (2)

Бо ибтикори маъмурият ва ташкилоти ибтидоии ҳизбии литсеи касбӣ-политехникии шаҳри Панҷакент байни дастаҳои футболи муассисаҳои таълимию олии шаҳр мусобиқаи футбол доир шуд. Мусобиқа ба 25-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида шуда, 24 рӯз давом кард.

Дар ҷамъбасти мусобиқа раиси КИ ХХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода ба ғолибони мусобиқа – дастаи футболи гурӯҳи таълимии № 3-и ЛКП барои ишғоли ҷои аввал, гурӯҳи таълимии № 15 барои соҳиб шудан ба ҷои дуюм ва гурӯҳи таълимии №2 барои ба ҷои сеюм мушарраф гардидан сипосномаву тӯҳфаҳои кумитаи иҷроияи ҳизбро супорид.

Донишҷӯи литсеи касбӣ-политехникии шаҳр Ҳасан Сангинов ҳамчун бозингари беҳтарин ва довари мусобиқа, омӯзгор Соҳибҷон Бадеҳов барои ташкили хуби мусобиқа сазовори сипосномаҳо гардиданд.Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>