Терроризм – зуҳуроти хатарнок

LOGO

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Туйғун Шарифов, муовини Раиси ноҳия Абдуллозода Зарина ва корманди шӯъбаи амният дар ноҳия Раҷабалӣ Ҳоҷиев бо ҷавонон мулоқот карданд.

Мӯҳтавои асосии вохӯрӣ пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ буд. Қайд гардид, ки дар шароити пуртаззоди имрӯза ин зуҳурот ба амнияти ҷомеа ва давлат таъсири манфӣ мерасонад. Мутаассифона, баъзе ҷавонони ноогоҳ ба ин гуна ҳаракату гурӯҳҳои иртиҷоӣ шомил шуда, ҳаёти худу ҷомеаро ба хатар мегузоранд. Имрӯз Тоҷикистон дар роҳи рушди устувор қарор дошта, шароитҳои аввалиндараҷаи хониш эҷод ва кору зиндагӣ мавҷуд мебошанд. Ҷавонони сарбаланди диёрро зарур аст, ки пайрави некон буда, бо шукргузорӣ аз амну суботи кишвар ҳаёти ободу осударо ихтиёр кунанд.

Бо далелу мисолҳо аз ҳаёти баъзе ҷавонони ноогоҳ, ки фирефтаи ақидаҳои ифротӣ гардидаанд, мисолҳо оварда шуд.

Дар ин чорабинӣ зиёда аз 300 нафар ҷавонон иштирок кардаанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>