Деваштич: вохӯриву сӯҳбатҳои муфид

Деваштич_маданият_занхо_Мучун_МТ4 (2)

Дар Ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси КИМ ҲХДТ силсилаи мулоқоту сӯҳбатҳо гузаронида шуданд.

Зимни мулоқот бо бонувони ҳунарманд мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирӯза Раҳимӣ, намояндаи Ассотсиатсияи занҳои ҳунарманди вилоят Салимабону Каримова, устоди кафедраи равоншиносии ДДХ, доктори илмҳои психологӣ Ғафурxон Холиқов, аъзои шӯрои занҳо Зулфиябону Раҷабова ва мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич Замира Аҳмадҷонова оиди эълон гаштани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», аҳамияти рушди ин соҳот ҳарф заданд.

Ба бонувони ҳунарманд нозукиҳои ҳунар ва бо сифат баровардани ҳунарҳои дастӣ, ҳуқуқу ӯхдадориҳои онҳо ҳангоми аъзои асосиатсияи ҳунармандони вилоят гардидан фаҳмонида дода шуд.

Ҳамчунин, гуруҳи корӣ бахшида ба 25-солагии ҲХДТ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №4 мулоқот доир намуданд.

Сараввал меҳмонон аз ҳунарҳои дастии толибилмон дидан карданд. Гуруҳи корӣ дар рафти мулоқот бо занони хонанишини ҷамоати деҳот ва волидайни толибилмон оид ба одоби оиладорӣ, таъсири ҷанбаҳои психологии муносибатҳо байни аъзои оила, татбиқи қонунҳои амалкунанда дар самти танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд баромадҳо намуданд.

Дар ҳаминҷо ба 14 нафар аъзои нав шаҳдатномаи ҳизбӣ супорида шуд. Дар доираи ин сафар гурӯҳи корӣ аёдати чанд нафар ниёзмандонро низ ба ҷо оварданд.Деваштич_маданият_занхо_Мучун_МТ41

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>