Дарси ватандорӣ

Дарси ватандорӣ

Дар Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент бо ибтикори шӯъбаи кор бо ҷавонони кумитаи иҷроияи шаҳрӣ бо ҷавонон – донишҷӯёни муассисаҳои олию миёна ва кормандони корхонаю муассисаҳо дар мавзӯи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ҷамъомад доир шуд.

Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода таваҷҷӯҳи ҷавононро ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ ҷалб намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки ҷавонон чун пешоҳангони ҷомеа бояд ба боварии Пешвои миллат сазовор буда, худро бо садоқат ба Ватан, иштироки фаъолона дар ободкориҳо, таҳсили шоиста, омодагӣ ба хидмат дар сафҳои қувваҳои мусаллаҳи кишвар собит созанд.

Мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мавлуда Тоҷиева дар мавзӯи зикршуда сухан кард ва аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, бо донишу фаҳмиши баланд, мавқеи фаъоли ҷамъиятӣ нисбати зуҳуроти номатлуб мубориза баранд.

Мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Панҷакент Шоҳида Қиёмзода аз ин иқдоми кумитаи иҷроияи ҳизб қаноатмандӣ карда, нақши ҳизбиёнро дар пешгирии зуҳуроти номатлуб ва тарғиби ғояҳои давлатдорӣ муҳим донист.

Дар ҷамъомад Умар Ҷалолов, мудири бахши кор бо ҷавонон, Зарина Эшмуродова, корманди маркази назорати давлатии санитарию эпидимологӣ сухан гуфта, ҳамсолонашонро ба корҳои неку шоиста ҷиҳати ободии Ватан даъват намуданд.

Юсуф Тошев, ки нав аз хизмати ҳарбӣ баргаштааст, бо либоси шинаму зебои низомӣ назди ҷавонон ҳарф зада, хидмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳро барои ҷавонон мактаби мардонагӣ ва садоқат донист.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>