Нақлиётчён созмони ибтидоӣ таъсис доданд

Хуҷанд

Дар Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии “Нақлиёти мусофиркашонии шаҳри Хуҷанд” созмони ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфт. Ба ин муносибат ҷаласаи ҷомеаи меҳнатии коргоҳ баргузор гардид, ки дар кори он раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ иштирок ва баромад намуд. Номбурда ташкил шудани созмони ибтидоиро дар ин коргоҳ густариш ёфтани фаъолияти ҲХДТ арзёбӣ намуд.

Дар маҷлис иштирокдорон якдилона директори генералии КДК “Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд” Саидхӯҷа Баҳоваддиновро раиси созмони ибтидоӣ интихоб намуданд. Баъдан ба 15 нафар кормандон шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд. Лозим ба ёдоварист, ки дар ин корхона бештар аз 400 нафар фаъолият дошта, то имрӯз бештар аз 50 нафар хоҳиши ба сафи ҲХДТ дохил шуданро намудаанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>