Исфара: машварати Сатториён М.А. бо раисони ташкилотҳои ибтидоӣ

Исфара (1)

Дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара машварати бозомӯзии раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода оид ба дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи КИМ ҲХДТ изҳори андеша карда, вазифаҳои минбаъдаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва раисони он, аъзои кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва кормандони масъули кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизбиро дар марҳилаи омодагӣ ба истиқболи 25-солагии таъсисёбии ҲХДТ ва маракаҳои сиёсии соли 2020 муайяну муваззаф намуд.

Зикр гардид, ки раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва аъзои кумитаҳои иҷроияи ҳизб ҷиҳати ташаккули фарҳанги сиёсӣ, тақвияти маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ корҳои таблиғотиро бо тарзу услубҳои муосир вусъат бахшанд.

Дар меҳвари корҳои таблиғӣ тарғиби нуктаҳои муҳими Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ, самтҳои Барномаи ҲХДТ таҳти шиори “Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум”, суханрониҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои беназири солҳои соҳибистиқлолӣ, пешгирии ифроту ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб бояд қарор гиранд.

Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо сокинони маҳал робитаро қавӣ гардонида, ифодагари ирода ва ормоҳои халқ бошанд, дар иҷрои ҳама кор масъулияти баланд зоҳир намоянд.

Барои расидан ба ин ҳадафҳои оинномавию барномавӣ раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва ҳар як узви ҳизб бо малака, дониш ва қобилияти ташкилотчигии хеш намунаи аҳли ҷомеа гарданд. Зеро ба гуфтори Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Раиси ташкилоти ибтидоӣ будан вазифа нест, масъулияти бузург аст”.

Бахусус ташкилотҳои ибтидоӣ аз ваколатҳои баргузории маҷлисҳои ташкилотҳои ибтидоӣ, сӯҳбату мулоқотҳои рӯ ба рӯ ва сари роҳ самаранок истифода баранд, -супориш дод Сатториён Матлубахон Амонзода.

Ташкилотҳои ҳизбӣ ҳамарӯза корбариро дар самти баланд бардоштани маънавиёти аҳолии деҳот ба истиқболи солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” тақвият бахшида, ба дастовардҳои бештар ноил гарданд.

Вазифагузориҳои Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода раисони ташкилотҳои ибтидоии шаҳру деҳоти Исфараро ба масъулиятшиносиву ташаббускорӣ раҳнамоӣ кард.Исфара (2)Исфара (3)

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>