Айнӣ: Интихоби ҳайати нави раёсат

айни

Имрӯз маҷлиси раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ баргузор гардид. Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Қобилзода Абдуғанӣ доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси КИМ ҲХДТ сухан кард. Вай барои равнақ бахшидани фаъолияти ҳизбӣ дар назди аъзо ва фаъолони ҲХДТ вазифаҳои мушаххас гузошт.

Аъзони раёсат ва кумитаи иҷроия аз нав интихоб карда шуданд. Нақшаи фаъолияти ситоди пешазинтихоботӣ, нақшаи чорабиниҳо оид ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 25-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ тасдиқ карда шудаанд. Инчунин, рӯйхати гурӯҳҳои тарғиботӣ аз ҳисоби занону ҷавонон ва гурӯҳи таҳлилӣ таъсис ва тасдиқ гардиданд. Дар кори маҷлис Раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим Қаюм иштирок ва суханронӣ намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>