Маҳфили “Дастони моҳир” дар Сойча

Сойча

Дар ташкилоти ибтидоии маҳаллаи «Сойча»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҳфили «Дастони моҳир» баргузор гардид.

Маҳфили мазкур бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ байни ҷавондухтарон доир шуд.

Дар маҳфил мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва кор бо занони кумитаи иҷроияи ноҳия Солиева М. иштирок намуда, оиди аҳамияти ҳунаромӯзӣ ибрози ақида кард.

Дар маҳфил ҳунармандон маҳсули дастони худро ба намоиш гузоштанд.

Солҳои 2019–2021 эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» такони бузургест барои боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондан ва эҳёву рушди ҳунарҳои мардумӣ, — таъкид намуданд иштирокдорони маҳфил.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>