Барои ҷавонон зиракии сиёсӣ муҳим аст

Ҷаббор Расулов

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо хонандагони Литсейи касбӣ–техникии ноҳия вохӯрӣ ташкил кард.

Намояндаи Шӯъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Исомиддин Бобониёзов зимни баромади худ воқеаҳои мудҳиши ибтидои солҳои навадуми асри гузаштаро, ки миллатро ба ҳоли парешониву давлатро дар садди нобудӣ қарор дод, ёдовар шуд. Зикр шуд, ки афроди бадхоҳу душманони миллат имрӯз низ бо амалу кирдори хоинона ба амнияти давлат халал ворид мекунанд. Ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015, сӯйқасд ва тарҳрезии нақшаи табаддулоти мусаллаҳонаи давлатӣ мисоли ин гуфтаҳост. “Бадхоҳони миллат кӯшиш доранд мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро ба ҳар роҳу васила ва амалҳои тундравона, бо низоме, ки барои мардуми мо бегона аст, вазъиятро ноором созанд», -зикр кард Исомиддин Бобониёзов.

Шерзод Набиев, мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони кумиҷроияи ноҳия дар бораи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ суханронӣ намуда, хонандагонро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ даъват кард.

Дар интиҳои вохӯрӣ бо хонандагон саволу ҷавоб сурат гирифт.

Мақсади вохӯрӣ баланд бароштани ҳисси ватандӯстии ҷавонону наврасон, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ маҳсуб мешуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>