Вохӯрӣ бо занони кишоварз

Вохӯрӣ бо занон

Масъулини шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд якҷоя бо КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ҷамоатҳои Ғӯлакандоз, Меҳробод ва Деҳмой бо занони кишоварз мулоқот карданд.

Ин силсилавохӯриҳо дар доираи солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” сурат гирифта, ҳадафаш шиносоӣ бо кору рӯзгори бонувон ва расидагӣ ба мушкилоти ҷойдоштаи онҳо буд.

Масъулон ин вохӯриро бо занони кишоварз дар сари замин доир намуда, оид ба муаммоҳои ҳаёти бонувон, рушди деҳоту ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби занон ба ҳунаромӯзӣ, фарогирии духтарон ба таҳсил, пойдории оилаҳо ва ғайра сӯҳбатҳо оростанд.

Аз ҷумла, дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии деҳот мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Меҳнати софдилонаи фаъолзанони кишоварз бо сипосномаҳо қадр карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>