«Эй ҷамоли баҳру бар, шод омадӣ!»

Хучанд

Таҳти ин унвон бахшида ба ҷашни Наврӯз дар МТМУ №20-и шаҳри Хуҷанд чорабинии фарҳангӣ доир шуд. Чорабинии мазкур бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии «Исмат Алихонов” баргузор гардид дар он намояндагони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.

Нахуст, намояндаи кумиҷрояи шаҳр иштирокчиёнро аз номи роҳбарияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд табрик карда, орзу намуд, ки Наврӯз ба хонадони мардуми тоҷик файзу баракот ва суруру шодмонӣ орад.

Таъкид гардид, ки мақоми ҷаҳонӣ касб намудани Наврӯз аз баракоти сулҳ ва Истиқлолият маншаъ гирифта, рамзи амну осоиштагӣ ва ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбад.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба фаъолон Ифтихорномаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд. Чунин чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба Наврӯзи байналмилал дар дигар муассисаву ташкилотҳои шаҳр идома дорад.

 Зеро Наврӯз ҷашнвораест, ки ахлоқи ҳамида, зебоипарастӣ, покизагӣ ва беҳдоштро таблиғ мекунад, рӯ ба рӯшноист ва мазҳари нур аст дар муқобили торикиҳо ва зулмот.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>