Табрикоти Раёсати КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ба муносибати Наврӯзи байналмилал

Навруз_2019

Ҳамдиёрони азиз!

Наврӯзи байналмилалро ба ҳар яки Шумо табрик гуфта, ба хонадонатон осоиш, хушбахтиву комёбиҳои тоза орзу мекунем.

Боиси хушнудист, ки бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , Раиси ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суннатҳои неки ниёгонамон эҳё мегарданд.

Мақоми ҷахонӣ касб намудани Наврӯз, ки бо пешниҳоди Сарвари давлати мо сурат гирифт, гуфтаи болоиро тақвият мебахшад. Инак, соли нӯҳум аст, ки ҷашни аҷдодиамон Наврӯз ба арсаи ҷаҳони мутамаддин баромада, дар сатҳи байналмилал бошукӯҳ таҷлил карда мешавад ва он ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфта, боиси ифтихори мост.

Наврӯз бо пайки баҳорӣ ба хонадони мову шумо нуру зиё меорад, ин фасли фархунда, фасли эҳёи табиат, сарсабзию шукуфоии зиндагӣ мебошад ва ҳар фарди худогоҳу ватандӯстро ба созандагиву бунёдкорӣ

ҳидоят мекунад. Итминон дорем, ки ҳамдиёрон аз накҳати баҳорӣ руҳу илҳоми тоза гирифта, баҳри ободонӣ ва пешрафти Ватани маҳбубамон — Тоҷикистон камари ҳиммат мебанданд.

Таҷлили бошукӯҳи ҷашни бостонии Наврӯз худ меваи шаҳдбори Истиқлолият ва рамзи сулҳу ваҳдат мебошад, он рамзи вахдату ҳамдилии миллат аст.

Ҷиҳати арҷгузорӣ ба суннатҳои аҷдодӣ ва тарғиби ин арзишҳои воло имрӯзҳо ташкилотҳои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва шаҳру ноҳиявии ҲХДТ тадбирҳои муфидро рӯи даст гирифтаанд. Ташкили чорабиниҳои пурмӯҳтаво, аёдату дастгирии пирону ниёзмандон аз тадбирҳои созандаи ҳизбиён маҳсуб мешаванд, ки дар остонаи Наврӯзи байналмилал мароми тоза касб кардаанд.

Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд бори дигар ба сокинони вилоят ва тамоми халқи мамлакат ин ҷашни аҷдодиро табрик гуфта, зиндагии осоишта, саломатию хонаободӣ ва муваффақият орзу менамоянд.

Наврӯзатон пирӯз бод!

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>