Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт…

Конибодом

Дар ташкилоти ибтидоии “Патар”-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом, ки бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамсарҳад аст, чорабинии фарҳангии дӯстона таҳти унвони “Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт” баргузор гардид. Дар он дар баробари сокинони деҳа меҳмонон аз ноҳияи Бешариқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ иштирок карданд.

Дар чорабинӣ ду оилаи намунавии деҳот, ки аз ноҳияи Бешариқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон арӯс овардаву солҳои тӯлонӣ хушбахтона зиндагӣ доранд, иштирок карданд. Таъкид шуд, ки мардуми тоҷику ӯзбек решаи пайвандии ногусастанӣ доранд ва ин дӯстиву рафоқат пайваста устувор мегардад.

Мудири шӯъбаи кор бо занони кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Фирӯза Шерматова баргузории ин чорабинии дӯстонаро иқдоми наҷиб ҳисобид. Ҷамъомадагонро бо ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ табрик гуфта, ба меҳмонон аз номи кумиҷроияи шаҳрӣ тӯҳфаҳо тақдим кард. Барномаи фарҳангӣ, ки тараннумгари баҳор, дӯстиву рафоқат буд, табъи меҳмононро болида гардонид.Конибодом

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>