Маҷлиси тантанавӣ

Ашт

Дар ноҳияи Ашт аз хизматҳои арзандаи дорандаи медали “Хизмати шоиста” Зафар Мамадҷонов арҷгузорӣ карданд.

Аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия Зафар Мамадҷонов давоми бештар аз 40 соли фаъолият дар рушду пешрафти диёр хизмати шоистаро ба ҷо овардааст. Фаъолияти пурсамари ӯ, махсусан, дар ноҳияи Ашт боиси ибрат буда, бо кору пайкори ибратбахш аз обрӯву эътибори баланд бархурдор гардидааст.

Анвар Ҷалилов, мушовири Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд паёми табрикии КИМ ҲХДТ ва Раиси кумиҷроияи вилоятии ҳизбро ба самъи ҳозирин расонида, қайд кард, ки хизматҳои Зафар Мамадҷонов дар фаъолияти ҳизбӣ низ назаррас мебошад.

Чунончи Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо зикр кард, Зафар Мамадҷонов умри бобаракати худро дар корҳои ташвиқотӣ, корҳои роҳбарӣ ва ба хизмати давлатӣ равона карда, ҳамчун муовини аввали Раиси ноҳия дар пешрафти соҳаҳои саноат, сохтмон, корҳои ободонӣ ва созандагӣ, бунёди иншоотҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, беҳдошти вазъи маҳалҳои зист, мустаҳкам ва барқарорсозии оилаҳо, баланд бардоштани таълиму тарбия ва маърифати мардум хизматҳои намоён кардааст.

Мамадҷонов Зафар пас аз хатми мактаби олии ҳизбии шаҳри Минси Белоруссия аввал ташкилотчии ҳизбӣ, сипас ҳамчун ҷонишини директори корхонаи хурди истеҳсолии “Мебел”, аз соли 1995 то соли 2011, аввал дар вазифаи мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо, баъдан муовини Раиси ноҳия шуда кор кардааст. Аз соли 2011 то соли 2013 раиси Ҷамоати шаҳраки Шайдон, аз соли 2013 то соли 2014 раиси Ҷамоати деҳоти Шодоба, аз соли 2014 то соли 2015 мутахассиси пешбари шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия фаъолиятӣ меҳнатӣ намудааст. Аз моҳи феврали соли 2015 то ба синни нафақа расидан, ҳамчун мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия адои вазифа намудааст.

Дар маҷлиси тантанавӣ дигар ҳамкорону дӯстон низ фаъолияти ибратбахши Зафар Мамадҷоновро зикр карданд. Худи ӯ шод аз он буд, ки бо меҳнати созандаву ҳалол ба чунин эҳтирому самимияти халқ ноил гаштааст.АштАшт

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>