Ҳизби ман – ифтихори ман

Спитамен

Дар МТМУ №29 бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони “Ҳизби ман – ифтихори ман” вохӯри баргузор гардид.

Дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен Ойбек Насруллозода, директори муассиса Насиба Бекмуротова,  омӯзгорон ва кормандони муассисаи мазкур ширкат доштанд.

Ойбек Насруллозода оид ба таърихи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, марҳилаҳои рушди ин ҳизби маҳбуби халқ, ки роҳбарияшро Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зима доранд, сухан кард. Таъкид гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ ва ҳифзу таҳкими он нақши муҳим дорад. Имрӯз он аз ҳизби созандаву пешбар маҳсуб ёфта, маҳбуби халқ гардидааст.

Дар ҳамин ҷамъомад ба 15 нафар аъзои нави ҲХДТ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд. Спитамен

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>