Аёдати собиқадорони меҳнату ҳизб

Ҷаббор Расулов

Кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аёдати собиқадорони меҳнату ҳизбиро ба ҷо оварда, онҳоро бо муборактарин ҷашни бостонӣ – Наврӯзи байналмилал табрик намуданд.

Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Меҳробод, Гулхона, Ғӯлакандоз, Ҳаёти нав Гилман Аҳмадова, Мухриддин Шокиров, Наврӯзбой Қурбонов, Каромат Қодирова ва дигар собиқадорон, пирони барнодилу оилаҳои ниёзманд аёдат карда шуданд.

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Одилзода Рустам зимни аёдат онҳоро бо Наврӯзи оламафрӯз табрик гуфта, зикр кард, ки шахсони яккаву танҳо, оилаҳои ниёзманд ҳамеша зери таваҷҷӯҳи Ҳукумати кишвар, бахусус, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва барои беҳтар гардидани вазъи зиндагии онҳо тамоми тадбирҳо андешида мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>