Мулоқот бо аъзои фаъоли ҳизб

Ашт

Дар ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти Шодобаи ноҳияи Ашт бо аъзоёни фаъоли ҳизб мулоқот доир гардид. Дар мулоқоти мазкур Муътабар Мадаминова, раиси Шӯрои собиқадорони кумиҷроияи ноҳия ва Мусоев Д, мудири шуъбаи ташкилӣ ва омор иштирок ва суханронӣ намуданд.

Масъалаҳои мубрами рӯз, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгири ҷудошавии оилаҳои ҷавон зимни мулоқоти мазкур баррасӣ шуданд. Таъкид гардид, ки тарбия аз оила ибтидо гирифта, ҷараёни ташшаккули хислатҳои инсон низ аз муҳити оилавӣ маншаъ мегирад. Аз ин лиҳоз, тарбияи дуруст омили пойдории ҷомеаи солим маҳсуб меёбад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>