Ҷавонон — такягоҳи боэътимод

Панҷакент

Мурод Шукурзода, Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бо устодону донишҷўёни коллеҷи тиббии шаҳр мулоқот намуд. Раиси кумиҷроияи шаҳр перомуни сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷавонон суханронӣ намуд. “Ҷавонон нерӯи пешбарандаи ҷомеа буда, такягоҳи боэътимод ва ояндаи давлату миллат ба шумор мераванд. Аз ин лиҳоз, масоили марбут ба ҳаёти ҷавонон ва дастгирии ин қишри ояндасози ҷомеа дар меҳвари асосии фаъолияти Ҳукумати кишвар қарор дошта, яке аз самтҳои асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб меёбад” — таъкид намуд Мурод Шукурзода.

Оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони кумиҷроия Мавлуда Тоҷиева ибрози назар намуд.

Парвина Тошева, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дар бораи маърифати оиладорӣ ва омодагии ҷавонон ва ба ҳаёти мустақилона суханронӣ намуд. Таъкид шуд, ки оилаи солим омили пойдории ҷомеаи солим аст. Аз ин лиҳоз, маърифати баланди оиладорӣ кафили зиндагии хушбахтонаи ҷавонон ба шумор меравад.

Чунин мулоқоти судманд дар дигар муассисаву ташкилотҳои шаҳр идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>