Соати сиёсӣ

Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен дар МДТТ №8 дар мавзӯи “Мавқеи зан дар ҷомеа” соати сиёсӣ доир намуданд. Сармутахассиси бахши ҷавонон ва иттилооти кумиҷроия Мухитдинова Умедахон зимни мулоқот оид ба нақши занон дар рушди ҷомеа суханронӣ намуд.

Сиёсати гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муваффақияту дастоварди занони тоҷик дар соҳаҳои мухталиф ва мавқеи занон дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар мулоқоти мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Шукурова Азиза, намояндаи кумиҷроия оид ба зиёд шудани сафи аъзои ҳизб аз ҳисоби занон ибрози назар намуд. Таъкид шуд, ки занон дар амалӣ намудани барномаву ҳадафҳои созандаи ҲХДТ нақши бориз доранд. Ҳамзамон, дастгирии занон аз самтҳои асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, -қайд гардид дар мулоқот.

Ба 10 нафар аъзои нав, ки барои шомил шудан ба сафи ҲХДТ ариза навишта буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>