Узви ҲХДТ будан масъулият аст!

Ҷаббор Расулов

15 нафар ҷавонон аз ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки барои дохил шудан ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ариза пешниҳод намуда буданд, ба аъзогӣ қабул шуданд.

Аз ҷониби мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Набиев Шерзод ба аъзои нави ҲХДТ дар вазъияти танатанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд. Намояндаи кумиҷроияи ноҳия таъкид намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа дар таҳкими давлатдории миллӣ ва таъмини зиндагии шоистаи халқ нақши бузург дорад. Аз ин рӯ, дохил шудан ба сафи ин ҳизби мардумӣ масъулияти бузург мебошад.

Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони кумиҷроия аъзои навро табрик гуфта, дар иҷрои масъулияти бузург – амалигардонии барномаву ғояҳои созандаи ҲХДТ комёбиҳо таманно намуд.

Ҷавонон низ дар навбати худ суханронӣ намуда ваъда доданд, ки ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои олӣ ва созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон содиқона хидмат мекунанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>