Узви ҲХДТ будан шараф ва масъулият аст

LOGO

Дар МТМУ № 44 — и деҳаи Патар дар шаҳри Конибодом мулоқоти кормандони кумиҷроияи шаҳр доир шуд. Фирӯза Шерматова ва Акмал Шарипов, намояндагони КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом оид ба мавзуъҳои умдаи ҷомеа суханронӣ намуданд.

Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, маърифати оиладорӣ, иҷрои Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар мулоқот мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба ҳашт нафар омӯзгорони фаъол, ки барои аъзо шудан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод намуда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

“Пайваст шудан ба сафи ҲХДТ бароям на танҳо шараф, балки масъулияти баланд низ мебошад” – гуфт Шукурова Гулзира, омӯзгори МТМУ № 44. Чанд нафар аъзои нав суханронӣ намуда ваъда доданд, ки ҷиҳати иҷрои масъулияти бузург – амалигардонии барномаву ғояҳои созандаи ҲХДТ содиқона хидмат мекунанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>