Сӯҳбати дугонаҳо

LOGO

Бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен дар коллеҷи тиббии  ноҳия таҳти унвони “Сӯҳбати дугонаҳо” маҳфил гузаронида шуд.

Муҳиддинова Умедахон, сармутахассиси бахши ҷавонон ва иттилооти кумиҷроияи ноҳия оид ба ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суханронӣ намуд. Таъкид шуд, ки фаро гирифтани духтарон ба зинаи сеюми таҳсил дар меҳвари барномаҳои ҲХДТ қарор дошта, барои баланд бардоштани нақши занону бонувон дар ҷомеа аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои судманд роҳандозӣ мешавад.

Оид ба мавқеи занон дар рушди ҷомеа Боқиҷонова Н, директори коллеҷи тиббии ноҳия ибрози назар намуд. Гуфта шуд, танҳо дар муаассисаи мазкур зиёда 200 нафар духтарон таҳсил доранд.

Ҳадафҳои пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҲХДТ,  эълон гардидани ҳадафи чорум, яъне саноатикунонии кишвар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ,   эълон гардидани  соли 2019-2021 “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ” дар маҳфили мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон, 15 нафар донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ барои шомил шудан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>