Кӯдакон — ояндаи миллат

LOGO

Бахшида ба Наврӯзи байналмилал дар муассисаи таҳсилоти томактабии № 1 дар ноҳияи Деваштич чорабинӣ доир шуд. Ёдгорова Раҳбар, намояндаи кумиҷроияи ноҳия дар чорабинӣ суханронӣ намуда, иштирокчиёнро бо ҷашни аҷдодӣ табрик гуфт. Таъкид шуд, ки кӯдакон идомабахши ҳаёт буда, ояндаи миллат ва давлат ба ин қишри хурдсоли ҷомеа вобаста аст. Аз ин лиҳоз, тарбияи дурусти кӯдакон ва иҷрои оқилонаи масъулияти волидон дар таълими онҳо омили асосии пешрафти ҷомеа маҳсуб меёбад.

Аз ҷониби кӯдакони муассисаи томактабӣ дар мавзӯи Ватан, Модар, Сулҳ ва Наврӯз шеърҳо қироат карда шуда, саҳнаҳо ба намоиш гузошта шуданд.

Ба ҷомеаи меҳнатии муассисаи таҳсилоти томактабӣ Сипосномаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>