Ҷамъомади ҳизбиён

LOGO

Бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан бо мақсади тарғиби дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг» ҷамъомади ҳизбиён доир гардид. Самтҳои афзалиятноки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳадафҳои созанда ва барномаҳои ҳизбӣ дар ин мулоқот баррасӣ шуданд.

Таъкид шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯз зиёда аз 460 ҳазор аъзо дошта, тавассути барномаи созандааш барои густариши вазъи иқтисодиву сиёсии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон такя ва мутакко аст. “Дар сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон беҳтарин шахсиятҳо сарҷамъ омадаанд, ки метавон бо ин қувваи бузург мардумро ба сӯи фардои дурахшон раҳнамун сохт”.

Аз аъзои ҳизб даъват карда шуд, ки имкониятҳои ҳизбро ҳамчун қувваи пешбаранда ва пешоҳанги ҷомеа тавсеа бахшида, ин нерӯ барои тараққиёти кишвар самаранок истифода бурда шавад.

Ба корманди бахши Фарҳанги шаҳр, ки ба сафи ҲХДТ дохил гардиданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>