Ҳушдор аз пайомадҳои ногувори терроризм

LOGO

Дар толори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии маркази ноҳия таҳти мавзӯи “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ” мулоқот доир гардид.

Баҳриддин Зиёӣ, раиси кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб афзуд, ки масъалаи ҷавонон ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо бахши муҳими фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Ин аст, ки яке аз самтҳои асосии Барномаи ҲХДТ масъалаи кор бо ҷавонон маҳсуб меёбад.

Назаров А., намояндаи шӯъбаи ноҳиявии Раёсати КДАМ дар вилояти Суғд, Каримӣ О., мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, Муллоҷонова Д., директори гимназияи №1, Самиев К., раиси кумитаи падару модарони МТМУ №2 бобати масъала ба толибилмон ҳарф заданд. Холмуродов Б., мушовири омодагии ибтидоии ҳарбии шӯъбаи маорифи ноҳия дар мавзӯи “Ҳимояи Ватан қарзи шаҳрвандии мост!” бо далелу таҳлилҳо баромади намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>