Ифтитоҳи корхонаи инноватсионӣ-истеҳсолии полиэтилении ҶДММ “Суғдполитекс” дар шаҳри Бӯстон

шаҳри-Бӯстон

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд нахуст ба фаъолияти корхонаи инноватсионӣ-истеҳсолии полиэтилении ҶДМ “Суғдполитекс” оғози расмӣ бахшида, бо раванди истеҳсолот дар ин корхонаи саноатӣ аз наздик шинос шуданд.

Сохтмони корхона соли 2017 дар доираи дастуру супоришҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи саноат ба роҳ монда шуда, он дар муддати камтар аз ду сол бо харҷи беш аз 12 миллион сомонӣ босифати баланд сохта ва бо муосиртарин дастгоҳу таҷҳизот таъмин гардидааст.

Дар корхона истеҳсоли 207 намуди халтаҳои полиэтиленӣ ба роҳ монда шуда, дар як моҳ 20 тонна ашёи хоми бепартов коркард мешавад. Ашёи хом барои истеҳсоли халтаҳои полиэтиленӣ дар корхонаи инноватсионӣ — истеҳсолии полиэтилении ҶДММ “Суғдполитекс” аз Федератсияи Русия ва ҷумҳуриҳои Қазоқистону Ӯзбекистон ворид карда мешавад. Иқтидори истеҳсолии корхонаи инноватсионӣ-истеҳсолии полиэтилении ҶДММ “Суғдполитекс” дар як шабонарӯз ба 100 ҳазор ва дар як моҳ ба 3 миллион дона халтаҳои полиэтиленӣ баробар аст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз корхона ва сӯҳбат бо кормандон, ки аксариятро занон ташкил медиҳанд, ба иқдоми соҳибкорон Мирзоазиз Усмонов ва Шодимурод Саидов баҳои баланд дода, ҷиҳати боз ҳам афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ ва аз байн бурдани воридоти халтаҳои полиэтиленӣ аз хориҷ таъкид доштанд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғдполитекс”, ки дар доираи ҳадафҳо дар самти саноатикунонии босуръати мамлакат дар масоҳати 4 ҳазору 119 метри мураббаъ сохта шудааст, дар он 100 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд. Таҷҳизоти корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Тайван ворид карда шуда, дар сехҳои он асосан дастгоҳҳои экструдерӣ, буррандагӣ ва чопӣ насб гардида,

раванди истеҳсолот тавассути компютер идора ва назорат карда мешавад. Истеҳсоли халтаҳои полиэтиленӣ дар корхонаи инноватсионӣ — истеҳсолии полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғдполитекс”, ки бо нақшу нигори хоси миллӣ ва тарҳу намуди хос амалӣ мешавад, асосан барои бозори дохилӣ, аз ҷумла мағозаҳо, гирифтани туҳфаҳо ва дигар эҳтиёҷоти рӯзғор истифода мегарданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбат бо масъулини Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти ин корхонаи саноатӣ дар шаҳри Бӯстон ҷиҳати ба роҳ мондани содироти маҳсулоти полиэтиленӣ ба хориҷ аз кишвар низ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Роҳбарияти корхона ӯҳдадор шуданд, ки дар доираи ҳадафҳои саноатикунонии босуръати мамлакат солҳои оянда дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи истеҳсоли халтаҳои полиэтилениро бо нақшу нигори миллӣ сохта ба истифода медиҳанд, ки тавлиди маҳсулот дар он асосан барои содирот ба кишварҳои Аврупо нигаронида мешавад.шаҳри-Бӯстон2 шаҳри-Бӯстон3 шаҳри-Бӯстон4

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>