Суханронӣ дар мулоқот бо кӯдакони ятим дар шаҳри Хуҷанд

Суханрони

Фарзандони азиз ва ҳозирини арҷманд!

Мулоқоти мову шумо дар рӯзҳои оғози фасли зебои баҳор сурат мегирад.

Бинобар ин, ҳамаи шумо, фарзандони азиз, устодони арҷманд ва ҳозирини гиромиро бо фарорасии баҳор ва ҷашни фархундаи миллиамон — Наврӯз табрик мегӯям.

Итминон дорам, ки ҳар яки шумо, фарзандони азиз ба туфайли ғамхориҳои давлат ва Ҳукумати мамлакат ҳамчун насли шоиста ба воя мерасед ва дар оянда ба ҳайси мутахассисони кордону боистеъдод дар ободиву пешрафти Ватани азизамон саҳми фарзандии худро мегузоред.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳимояи ҳуқуқи кӯдакону наврасон ва ғамхориро дар ҳаққи онҳо аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор дода, дар ин самт як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии зарурӣ, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ва як қатор қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба ин масъала қабул намуда, сохтори махсуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, фаъолияти бахш ва комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдакро дар сохторҳои марказиву маҳаллии ҳокимияти иҷроия ба роҳ мондааст.

Алҳол дар кишварамон 71 ҳазор нафар ятимон, аз ҷумла дар вилояти Суғд 467 нафар ятимони кулл зиндагӣ мекунанд, ки ҳамаи онҳо таҳти ғамхории давлат қарор доранд.

Имрӯз дар қаламрави мамлакат даҳҳо мактаб-интернат фаъолият дорад, ки дар онҳо кӯдакони ятиму бепарастор ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, таъминоти онҳо пурра аз ҳисоби буҷети давлат роҳандозӣ гардидааст.

Тавре ки дар Паёми Президент ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид гардид, мо дар оянда низ ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал, ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахӯрону собиқадоронро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини худ мешуморем.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба роҳ мондани фаъолияти васеи муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла мактаб-интернатҳо ва хона-интернатҳо бо мақсади фаро гирифтани кӯдакону наврасоне, ки бо амри такдир бесаробон мондаанд ё имконияти маҳдуди ҷисмонӣ доранд, имконият фароҳам овард, ки сатҳу сифати хизматрасонӣ ба ин қишри ҷомеа беҳтар гардад.

Худи ҳаёт моро водор месозад, ки нисбат ба ин гуна ашхос бетараф набошем, дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ зоҳир кунем ва барои онҳо дар овони кӯдакиву наврасӣ сатҳи зиндагии шоистаро таъмин намоем, то ки онҳо ҳамчун насли арзандаи Ватан ба камол расанд.

Дар ин маврид як мисол меорам. Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири маъруфи Машриқзамин Мирзо Турсунзода, ки бармаҳал ятим монда буд, ҳамчун тарбиятгирандаи мактаб-интернат таҳти ҳимояти давлат қарор дошт.

Тарбияи дурусти устодон ва зеҳни фавқулодаи Мирзо Турсунзода имкон дод, ки ӯ ҳамчун шахси ватанпарвар ва тараннумгари дӯстӣ ба камол расида, Ватани худро чун модар дӯст дорад ва ин эҳсоси самимии худро дар ашъораш васфу ситоиш намояд ва номи Тоҷикистони азизро дар тамоми олам машҳур созад.

Садҳо ва ҳазорон нафар чунин шахсон имрӯз низ дар ҷомеаи мо мавқеи худро пайдо кардаанд ва хизмати халқу Ватанро шарафмандона ба ҷо меоранд, соҳиби нуфузу обрӯ ҳастанд ва барои дигарон намунаи ибрат мебошанд.

Итминон дорам, ки аз байни шумоён, фарзандони азиз, дар оянда муҳандисону омӯзгорон, олимону кишоварзон, табибону ходимони фарҳанг ва ҳуқуқшиносони варзида ба камол расида, ифтихори Тоҷикистони озоду соҳибистиқлоламон мегарданд.

Фарзандони азиз!

Шумо бояд донед, ки аз ҷумлаи кӯдакони хушбахти замони истиқлолият ҳастед, зеро Ватани озоду обод доред ва давлате доред, ки дар ҳаққи шумо пайваста ғамхорӣ менамояд.

Ҳоло дар чандин кишварҳои сайёра миллионҳо нафар кӯдакони ятиму бепарастор бар асари ҷангу хунрезиҳо азияти рӯҳиву ҷисмонӣ мекашанд ва ҳазорҳо нафар аз гуруснагӣ ҳалок мешаванд.

Шумо фаромӯш накунед, ки фардои Тоҷикистони маҳбубамон аз саъю кӯшиш ва наслҳои ҳамсинну солатон дар таҳсил, аз худ намудани илму донишҳои муосир, забони модарӣ, забонҳои хориҷӣ ва техникаву технологияҳои ҳозиразамон вобастагӣ дорад.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳар яки шумо аз ҳоло бо ғайрати дучанд таҳсил намоед, илму дониш омӯзед ва касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ кунед.

Дар навбати худ, аҳли ҷомеаи мо, бахусус, соҳибкорону шахсони баландҳиммати кишвар дар баробари Ҳукумати мамлакат дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат саҳми арзанда мегузоранд.

Яъне дастгирии ятимону бепарасторон имрӯз ба самти афзалиятноки фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҳамчунин, дар меҳвари амалҳои наҷибонаи ашхоси ватанпарвару инсондӯсти мамлакат қарор дорад.

Аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти сершумори соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва варзиш далели он аст, ки онҳо ба ояндаи миллат, насли наврас, аз ҷумла ятимону бепарасторон бетараф нестанд.

Дар арафа ва рӯзҳои иду ҷашнҳои милливу давлатӣ дасти саховат дароз намудан, ятимеро соҳибӣ кардан, қалби шикастаи ранҷуру бепарастореро шод сохтан аз амалҳои ҷавонмардӣ ва вазифаи ҳар як фарди бедордил ба ҳисоб меравад.

Итминон дорам, ки пас аз мулоқоти имрӯза ҳар кадоми шумо бо иштироки фаъолона дар озмунҳои фаннӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ барои муаррифии шоистаи Ватани маҳбуби худ — Тоҷикистони азиз ва парафшон сохтани парчами он хизмати сазовор хоҳед кард.

Мо-тоҷикон одати деринае дорем, ки дар арафа ё рӯзҳои ҷашн ба калонсолон ва кӯдакон тӯҳфаҳои гуногун пешкаш мекунем.

Мо низ дар айёме, ки ҷашни соли нави аҷдодиамон чанд рӯз пеш фаро расид, ин суннати хуби миллиамонро идома бахшида, умед дорем, ки дастурхони идона ва тӯҳфаҳои ба шумо тақдимшуда ба шодии шумоён хурсандии дигар зам менамояд.

Дар фарҷом бори дигар ҳар яки шумо, фарзандони азизро ба муносибати Наврӯз – Соли нави аҷдодии тоҷикон табрик гуфта, бовар дорам, ки шумо минбаъд низ бо таҳсили хубу аъло ва ахлоқи шоистаи худ барои ҳамсолон намунаи ибрат мешавед ва ҳамчун насли ояндасоз ба воя мерасед.

Дар роҳи расидан ба ин мақсадҳои нек ба ҳар яки шумо, фарзандони азиз ва устодони арҷманд саломативу сарбаландӣ ва барору комёбӣ орзумандам.

Саломату сарбаланд бошед, фарзандони азиз!

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>