Кабирӣ баҳри амалӣ сохтани ниятҳои сиёҳаш ҳатто ба фарзандону наздикони худ раҳм накард

LOGO

Намоиши наворҳои расмӣ тариқи тамоми шабакаҳои телевизионӣ возеҳу равшан тасдиқ сохт, ки пушти кӯшиши табаддуолти моҳи сентябри соли 2015 кӣ ва кадом гурӯҳ меистодааст.

Аниқ шуд, ки ТЭТ ҲНИ на танҳо ҳидоятгари маънавӣ, балки пуштибони молии гурӯҳи террористии зикршуда низ аст. Шахсони наздики Муҳиддин Кабирӣ дар бораи алоқаи Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода бо ТЭТ ҲНИ ва бевосита ба ӯ дода шудани як миллиону дусад ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби писари Муҳиддин Кабирӣ – Тиллозода Руҳуллои Муҳиддин ба ниҳодҳои марбута хабар доданд.

Ин далел тарафҳои зиёди қазияҳои номаълумро барои мухлисони фаъолиятҳои сиёсӣ боз намуд. Пеш аз ҳама, парда аз рӯи иллати сафари Муҳиддин Кабирӣ ба хориҷи ҷумҳурӣ баъди мағлубияти миёншикани ҳизби наҳзат дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ва тасмими мондани ӯ дар хоки бегона, бардошта шуд. Маълум гардид, ки ин шикаст умедҳои наҳзатиҳову таҳрикдиҳандагони берунаашонро оиди барқарор сохтани шариати исломӣ дар Тоҷикистон тавассути роҳҳои қонунӣ барбод дод. Яқин гардид, ки мардуми тоҷик ҷонибдори сохтори дунявианд ва бозгаштро ба қарнҳои ҷаҳолату торикӣ, ки бӯю нишонаашон дар ақидаҳои шахшудаи исломгароҳо, аз ҷумла наҳзатиҳои тоҷик, маҳфуз мондаанд, намехоҳанд. Аз ин рӯ, Кабирӣ бо амри «хоҷагони маънавиаш» аз роҳи охирин истифода бурданӣ шуд. Расидан ба чавкии ҳукуматдорӣ тавассути зери по кардани ҷасадҳои дар хоку хун жӯлидаи ҳамдиёрону ҳамватанон. Мехост бори дигар талошеро биозмояд, ки солҳои 90-уми асри 20 пирони наҳзатиаш пеш гирифта буданд.

Қазия ошкор кард, ки Мухиддин Кабир дар асл он шахси ботамкин, бо таҳаммул, босавод ва фурӯтану хушгуфторе нест, ки ҳамеша бо чунин симо худро дар назди ҷомеа ҷилва медод. Ҳамаи ин танҳо ба хотири моилсозии мардуми аз сиёсат бехабар ба шахсияти худу ҳизбаш будааст. Чун амбитсияҳои сиёсиаш дарҳам шикастанд чеҳраи аслиаш бурун зад. Чеҳрае, ки ба ҳама кор омода аст. Тайёр аст, ҳашт миллион ҳаммиллаташро қурбон кунаду ин сарзаминро ғуломи ғайр гардонад.

Тавре аён шуд, Муҳиддин Кабирӣ баҳри амалӣ сохтани ниятҳои сиёҳаш ҳатто ба фарзандону наздикони худ раҳм надоштааст. Онҳоро

дидаю дониста ба ҷиноятҳое тела додааст, ки ҳатто бо ҷазо наметавон шуст. Ҷиноёт дар муқобили Ватан ва миллати худ.

Мирзоев А.

сармуаллими кафедраи

хадамоти гумруки ДДҲБСТ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>