Ҳадафҳои ҳизб дар амал

IMG_0696

Дар маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоии ҳизбии идораи обу ташноби шаҳри Панҷакент дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар Паём ва Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ-ро баррасӣ намуданд.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Илҳом Сатторӣ қайд кард, ки мақсаду мароми ҳизби мо таъмини зиндагии босаодати халқ аст. Бинобар ин, вусъат бахшидан ба корҳои созандагӣ ва ба ин васила таъмини зиндагии шоистаи халқ мароми мост. Дар ин партав амалӣ шудани лоиҳаи таҷдиди хати обу ташноби шаҳри Панҷакент бо дастгирию сармоягузории муштараки Ҳукумати мамлакат, Бонки аврупоии рушд ва мақомоти маҳаллӣ имконият медиҳад, ки таъминоти аҳолӣ бо оби нўшокӣ беҳтар гардад. Вай аз масъулон дар иҷрои ин лоиҳаи муҳим, ки ба ҳадафҳои ҳизбӣ мувофиқ аст, барор хост.

Ҳамчунин, ҳизбиёни идораи обу ташноб дар баробари корҳои созандагӣ фаъолияти тарғиботиро низ вусъат бахшида, тасмим гирифтанд, дар минтақаҳои хидматрасонии муассиса аз ҳисоби фаъолони ҳизб гурўҳҳои ташвиқотӣ таъсис диҳанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>