Семинари омӯзишӣ

20190403_105242

Роҳҳои дурусти ҳуҷҷатнигорӣ ва қоидаҳои бақайдгирии аъзоён ба сафи ҲХДТ зимни семинари омӯзишӣ дар КИ ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен мавриди баррасӣ қарор гирифт. Семинари мазкур бо иштироки масъулини ташкилотҳои ибтидоӣ доир гардид ва мақсад аз он баланд бардоштани масъулияти корбарӣ ва ҷоннок намудани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ маҳсуб мешуд.

О, Насруллозода, Раиси кумитаи иҷроияи ноҳия  оид ба бандҳои Оинномаи ҲХДТ суханронӣ намуд. Таъкид шуд, ки саҳеҳ ва дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатнигорӣ ва варақаҳои шахсии аъзоён омили асосии фаъолияти пурсамар аст. Аз кормандони ташкилотҳои ибтидоӣ даъват карда шуд, ки ҷаҳати иҷрои вазифаи худ масъулияти бештар эҳсос намоянд.

Чунин семинари омӯзишӣ дар дигар ташкилотҳои ибитидоии ноҳия низ идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>