Терроризм ва экстремизм – хатар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ

P_20190403

Намояндагони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо муҳассилини  МТМУ №2 – и Ҷамоати шаҳраки Меҳробод  мулоқот доир намуданд.

Терроризм ва экстремизм ҳамчун зуҳуроти номатлуб ва хатари он  ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин вохӯрӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Муовини раиси КИ ҲХДТ  дар ноҳия Умарзода Ботирҷон оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҷараёну равияҳои бегона ва мубориза бар зидди тақлидкориву хурофотпарастӣ суханронӣ намуд. Гуфта шуд, омили асосии гумроҳшавии ҷавонон ноогоҳӣ, маърифати паст ва саводи нокифоияи динӣ ва дунявӣ мебошад. “Терроризм ва экстремизм зуҳуроти номатлуб буда, ба инсоният хатари бузург пеш овардааст. Алайҳи ин зуҳурот сарҷамъона ва дар муттаҳидӣ мубориза  бояд бурд”.

Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони кумиҷроияи ноҳия Набиев Шерзод оид ба ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, баланд бардоштани худшиносӣ ва ҳисси ватандӯстӣ ибрози назар намуд. Аз иштирокчиёни мулоқот  даъват карда шуд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, бо омӯзиши илму дониш барои рушди Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>