Ба боварии Пешвои миллат сазовор бояд буд

IMG_0731

Дар Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент мулоқот доир шуд. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода нахуст аз татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ҳарф зада, аз ҷумла таъкид кард, ки Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизб мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътимодашонро ба ҷавонони кишвар пайваста иброз медоранд ва донишҷўён чун қишри фаъоли ҷомеа бояд барои сазовор шудан ба ин боварӣ талош варзанд.

Мудири шўъбаи кор бо ҷавонони кумитаи иҷроия Мавлуда Тоҷиева таваҷҷӯҳи аҳли сўҳбатро ба мавқеи фаъоли ҷавонон дар ҳимояи манофеи давлат, оштинопазирӣ нисбати ғояҳои ғаразноки ҳизбу созмонҳои ифротгаро, саҳмгузорӣ дар иҷрои ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат ҷалб намуд.

Дар ин мулоқот беш аз 150 нафар донишҷӯён иштирок намуда, доир ба масоили матраҳ андешаҳояшонро низ баён карданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>