АМНИЯТИ МИЛЛӢ ВА АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ АЗ НИГОҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

LOGO

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини ба ҳайси Сарвари давлат интихоб шуданашон дар иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини амният миллӣ ва иттилоотиро дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, пеш аз ҳама барои мардуми кишварамон олитарин ифодаи амният – сулҳу ваҳдати миллиро ҳадя намуданд. Ба андешаи Пешвои муаззами миллат: «Ҳифзи амнияти давлату миллат масъалаи ҳаётан муҳим ба шумор меравад». Аз ин лиҳоз, амнияти миллӣ омили сарнавиштсоз ва таъмини бақои миллату давлат мебошад. Ба таъкиди донишманди маъруфи тоҷик, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Саймумин Ятимов: «Аз лиҳози сиёсӣ истилоҳи «амният» муродифи калимаи «давлат» аст ва баръакс.

Аввалин тасаввурот оиди ниёзи одам, ҷамъият ба мавҷудияти муҳимтарин ва гаронтарин ҷузъи системаи сиёсӣ таҳти номи «давлат» зарурати таъмини амнияти худи инсон ва ҷомеаро дар назар дорад».

Моддаи якуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» мафҳуми мазкурро чунин шарҳ додаст: «Амният ҳолати муҳофизаи манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷомиа ва давлат аз таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ мебошад». Бинобар ин, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ҷиҳати таъмини амнияти комил ва суботи сиёсӣ тадбирҳои муҳимро амалӣ намуда, аҳли ҷомеа ва мақомоти дахдори таъмнкунандаи сулҳу амниятро аз таҳдиду хатарҳои ба он алоқаманд огоҳ менамоянд ва онҳоро барои барҳам задани омилҳои хатарзо даъват мекунанд. Аз он ҷумла, Пешвои амниятофарини миллат дар мулоқоти таърихии худ зимни суханронӣ дар ҷамъомади кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ба муносибати 80-солагии Прокуратураи Тоҷикистон – 24 декабри соли 2004 вобаста ба хатарҳои асосии таҳдидкунандаи амнияти миллӣ чунин

ибрози андеша намудаанд: «Ба амнияти миллии ҳар давлат пеш аз ҳама қувваҳои моҷароҷӯву тахрибкори берунӣ таҳдид доранд, ки Тоҷикистон дар таърихи навини худ оқибатҳои фоҷиабори дахолати онҳоро аз сар гузаронидааст.

Ба гурӯҳи таҳдидҳои дохилӣ экстремизм, ҷиноятҳои муташаккилона, коррупсия, нашъаҷаллобӣ ва дигар зуҳуроти ба ин монанд шомиланд, ки метавонанд амнияти давлат ва ҷомеаи моро халалдор намоянд».

Аз назари Пешвои миллат: «Зиракии сиёсӣ омили амният, ваҳдати миллӣ ва волоияти қонун мебошад».

Амнияти иттилоотӣ ҷузъи муҳими амнияти миллӣ буда, дар шароити кунунӣ таъмини он калиди муваффақияту пешравӣ мебошад. Аз ин ҷиҳат, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми миллии ҳифзи иттилоот, аз ҷумла захираҳои давлатии иттилоотӣ таъсис ва мустаҳкам карда мешаванд. Қабули қарорҳо аз ҷониби мақомот ва шахсони мансабдори Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодии хориҷӣ бояд ба иттилооти объективӣ ва огоҳона дар бораи тамоюлҳои рушди сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳонӣ, вазъи сиёсӣ ва иқтисодии давлатҳои дигар, хусусан давлатҳои ҳамҷавор асос ёбад. Маҳз ба ҳамин хотир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳидояти Пешвои миллат татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ рушд меёбад. Перезиденти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Рӯ овардан ба технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва татбиқи ҳарчи васеи онҳо дар ҷомеа яке аз ниёзмандиҳои дигари замони ҷаҳонишавӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва дар асоси он ташаккули ҳукумати электронӣ аз масъалаҳои муҳими замони муосир мебошад.

Кишварҳое, ки дар татбиқи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва рушди ҳукумати электронӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардидаанд, пеш аз ҳама ба масъалаҳои омода намудани кадрҳои баландихтисоси ин соҳаи муҳим, рушди инфрасохтори иттилоотӣ, зина ба зина баланд бардоштани сатҳи дониши

хизматчиёни давлатӣ ва татбиқи усулҳои идоракунии электронӣ диққати зарурӣ медиҳанд.»

Аз нигоҳи Пешвои миллат истифодаи интернет бояд ба манфиати сулҳу суботи сайёра равана карда шавад. Яъне Президенти маҳбуби мо таъкид намудаанд: «Чунин мешуморем, ки идораи истифодаи Интернет дар сатҳи байналхалқӣ бояд дар асоси бисёрпаҳлӯӣ, шаффофият ва демократӣ, бо иштироки мақомоти идоракунии давлатӣ, бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ сурат гирад. Дар фаъолияти воситаҳои иттилоотии омма пеш аз ҳама бояд низоми мукаммали таҳияи мавод оид ба тарбияи худшиносии миллӣ ва ватанпарастӣ ташаккул ёфта, тарғиби анъанаву суннатҳои асили фарҳанги миллӣ бо дарназардошти талаботи замони пешрафт ва дастовардҳои беҳтарини фарҳанги башарӣ ба роҳ монда шавад. Ташаккул ва рушди сиёсати иттилоотӣ чун қисми таркибии сиёсати дохиливу хориҷии давлат бояд ба амалигардонии талаботи Конститутсияи Тоҷикистон дар бобати бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба таври муассир мусоидат намояд». Вобаста ба ин Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чорабиниҳо оид ба таъмини дастрасӣ ба шабакоти иттилоотонии ҷаҳонӣ», «Дар бораи Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004, №648 «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2004, № 330 «Дар бораи стандартҳои рамзгузорӣ ва ҷобаҷогузории алифбои тоҷикӣ дар клавиатураи компютерии стандарти UNI CODE барои истифодабарии компютерӣ», Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоотонӣ» (2001), «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» (2002), «Дар бораи иттилоот» (2002), «Дар бораи алоқаи барқӣ» (2002), «Дар бораи ҳифзи иттилоот» (2002), «Дар бораи иҷозатномадиҳии фаъолиятҳои алоҳида» (2004) ва «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоъ» (2008) қабул карда шудаанд. Ҳамчунин бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии зерин низ қабул шудаанд: соли 2001 «Дар бораи таъсисдиҳии Шабакаи ҷумҳуриявии интиқоли маълумотҳо ва чораҳои батартибдарории дастрасӣ ба шабакаҳои иттилоотонии ҷаҳон», соли 2003 «Дар бораи консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи дастгирии давлатии ташкил, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон», соли 2004 «Барномаи таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон». Ҳамаи ин тадбирҳо бо мақсади таъмини амнияти миллӣ ва иттилоотӣ равона гардида, сокинони сарбаланди Тоҷикистон вазифадоранд, баҳри пойдории амнияти миллию иттилоотӣ пайрави ростини Пешвои миллат бошанд.

Муродулло ПОЧОЗОДА,

муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ

Мирзоолим МИРЗОРАҲИМОВ,

сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Мастчоҳ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>